БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Заҳмату кору ҳунар касро намояд номдор…

Ҷ.БАЛХӢ. Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида,  болидаруҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хӯрданбоб. Шахси ҳунарманд дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Бо ин мақсад  мувофиқи банди 6-и нақшаи кории шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Соли рушди cайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо оилаҳои ҳунарманди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пайваста мулоқоту вохӯриҳо баргузор гашта истодааст.

Ин навбат бо оилаи Холиев Панҷ истиқоманкунандаи маҳаллаи Қизил-юлдузи ҷамоати деҳоти Маданият, ки ба тандурсози машғуланд вохӯрӣ гузарониданд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар охир ба кору пайкори  марди заҳматдӯст барои  сайқал додани  анъанаҳои неки ниёгон  изҳори миннатдорӣ баён карда, барои дар оянда низ  ривоҷ додани  ҳунари  мардумӣ  ва омӯзонидани касби танӯрсозӣ ба ҷавононро тавсия доданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg