БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Садоқат ба Ватан мароми мо ҷавонон аст!

Н.ХУСРАВ. Тибқи   ҷадвали  тасдиқгардида  роҳбари  намояндагии  ТҶҶ «Созандагони  Ватан» дар  ноҳияи  Носири  Хусрав дар  муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №1 –и  ноҳия   бо иштироки  васеъи  ҷавонони синфҳои болои бо мақсади ташаккули   мафкураи  сиёсии  онҳо  вохӯрӣ   дар  мавзӯъи  «Садоқат ба  Ватан  мароми  мо ҷавонон аст!»  баргузор  гардид.

Роҳбари  бахши  намояндагии   ТҶҶ «Созандагони  Ватан»  дар  ноҳия  Остонақулов  Шодмонбек баромад  намуда,  қайд кард, ки чуноне, ки  аз  воситаҳои  ахбори  омма  ҳамаи  мо  аз  ҳодисаи  нангини  дар  ноҳияи  Данғара  ба  вуқӯъомада, ки  боиси  марги  сайёҳони  хориҷӣ  гардид  ва аз намоиши  телевизонии  «Бозгашт  аз ҷаҳаннам» бо  назардошти  иқрори   яке  аз  саркардагони  ТТЭ ҲНИ Аёмиддин  Сатторов огоҳ  шудем, ки душманони  миллат,  бахусус  гурӯҳи  муташаккили  ҷинояткор  бо  дастури Ташкилоти  экстремистӣ- террористии  Ҳизби  Наҳзати  Ислом онро ба  амал  бароварданд .

Аз ҷумла илова намуд, ки мо фаъолияти худро ба  таҳким  бахшидани  давлатдории  миллӣ, ҳамаҷониба  густариш бахшидани  худшиносиву  худогоҳии  миллӣ, ҳисси  ватандӯстиву ватандории  ҷавонон ва  баланд  бардоштани  маърифати сиёсиву ҳуқуқии  аҳолии кишвар,  бахусус  ҷавонону  наврасон, ҳифзи  ҳуввияти  миллӣ  ва  арзишҳои волои  халқи  куҳанбунёдамон дар  шароити  ҷаҳонишавӣ, ҳарчи  бештар густариш  додани  фарҳанги сулҳу дӯстӣ, якдиливу якпорчагӣ ва корҳои созандагиву бунёдкори  равона карда барои пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз аз  ҳамаи  шароиту  имкониятҳои  мавҷуда  истифода  карда,  ҷиҳати  амалӣ   намудани тадбирҳои зарурӣ чораҳои  мушаххас андешем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg