БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аҳли маорифчиён татбиқкунандагони асосии сиёсати давлати мебошанд

ХУРОСОН. Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар он Саидзода Раҳмон Азим дар баробари тарғиби  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии  амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028, озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои  “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, “Армуғони хатлонӣ”, Тарроҳи беҳтарин” ва Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ибрози андеша намуд.

Дар охир  иштирокдорон суханрониҳои судманди Саидзода Раҳмонро  якдилона  ҷонибдорӣ карда, иброз доштанд, ки  мо кормандони соҳаи маориф  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки  барои беҳбудии рӯзгори мо сокинон ва  пешрафту шукуфоии Ватан равона карда шудааст,  саҳми муносиби худро  мегузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg