КӮЛОБ. Огоҳонидани мардум аз хатарҳои замони муосир ва ташаккул додани мафкураи сиёсии онҳо аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад.
Дар ин миён бо мақсади расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи пӯст” хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Дар рафти он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи пӯст” Муродов Алихон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот гуфта шуд, ки танҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси қонунгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, баробарвазн бо як инқилоби фикрӣ ва маънавӣ мебошад. Шикасти таассубу хурофоте, ки садсолаҳо дар зеҳни мардуми кишвари мо таҳшин шуда буд, ба воситаи ин қонун қолабшиканӣ шуда, мардумро ба сӯи ояндаи дурахшон ва саодату рифоҳи инсонӣ ҳидоят кард, ба дуруст сафарбар кардани амалҳои хайру сахо мусоидат намуд, ки бешубҳа яке аз дастовардҳои умдаи даврони истиқлолият ва аз тасмимҳои писандидатарини Пешвои миллат маҳсуб мешавад.