ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия, инчунин ҷиҳати тақвият бахшидани робита бо маҳал дар деҳаи Бачамазори ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ кард.
Дар ҷараёни хонищи сиёсӣ бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳа Бобоназаров Бегмурод ва дастгирии сокинон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои кишоварзон ташкил карда шуда, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Баъдан аз ҷониби як гурӯҳ фаъолони ҲХДТ, шахсони саховатманди ҳудуди ҷамоати деҳоти номбурда ба мактаббачагони ятиму бепарастори деҳаҳои гирду атроф сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим карда шуд.