ПАНҶ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ин навбат хониши сиёсиро бо ҳайати омӯзгорони Литсейи касбӣ-техникии №51-и ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баргузор намуданд.
Масъулин зимни суханронӣ оид ба масъалаҳои муҳими рӯз, ки махсусан ба ҷавонон вобаста аст, бо омӯзгорони ин даргоҳи илм, ки бо касбомӯзии ҷавонон машғуланд дар меҳвари суҳбат қарор доданд.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон оид ба аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷавонон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо лозим аст, ки Истиқлолияти Ватани азизу маҳбубамонро ҳифз намоем, бо роҳи ваҳдату субот, сулҳу оромӣ ва меҳнати софдилона бо анҷом додани амалҳои хайрхоҳонаву созанда зиндагӣ карда, фарзандонро аз таъсири ҳама гуна ақидаву андешаҳои динии «навбаромад», ки боиси ихтилофи тамаддунҳо мешавад ҳифз намуда, ҷавононро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия карда, оқибатҳои таассуби диниро ба онҳо фаҳмонида, ба роҳи дуруст роҳандозӣ намуда, ба анҷом расонем.
Дар идома Шомаҳмадзода Музаффар зимни баромад доир ба рушд ёфтани техникаву технология ибрози андеша намуда, интернетро яке аз омилҳои пешрафти имлу технология номид. Гарчанд интернет ба инсоният манфиатовар бошад, ҳам тарафҳои манфии он мавҷуд аст. Дар ҷомеа истифодаи ғайримақсадноки он ҳамчун хатари геополитикӣ шинохта шудааст. Муайян шудааст, ки аз тарафи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ амалҳои номатлуби ҷомеа тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ- интернет ба анҷом расонида мешаванд. Шабакаҳои иҷтимоӣ як василаи гумроҳ сохтан ва ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ҷалб кардани ҷавонон гардидааст. Дар ин росто, аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки фарҳанги дурусти истифода ва мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро миёни ҷавонон тарғиб карда, илова бар ин ҷавононро аз муқаррароти қонунгузорӣ дар ин самт огоҳ намуда, оқибатҳои истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоиро фаҳмонанд. Ҷавононро, ки ояндасози кишвар мебошанд, дар рӯҳияи одобу ахлоқ ва миллатдӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда, ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ роҳандозӣ намоянд.