БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«Бозгашт аз ҷаҳаннам» пардаро аз чеҳраи ТТЭ ҲНИ бардошт

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи  Чарги боло ва Чарги поёни ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Мӯъминобод тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони деҳа оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал   вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротов ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Салоҳиддин  Мирзобаротов дар назди ҷамъомадагон оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъи ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24, навори телевизионии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» мавриди баррасӣ қарор дода, бори дигар  ҷамъомадагонро аз хавфу хатарҳои  ҷаҳони муосир, аз ҷумла  амалҳои  хоинонаи  ТТЭ ҲНИ  хабардор намуд.

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат  моҳияти  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро  фаҳмонида,  барои роҳандозии аксияи номбурда  аз сокинон  даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg