КУШОНИЁН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаварра бо мардуми ҳунарманди деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Ориён вохӯрӣ доир гардид.
Дар он аз ҷониби масъулин қайд карда шуд, ки дар руҳияи мардум тақвият додани ҳунармандиву бунёдкорӣ, намоиши таомҳои миллӣ, созандагиву ободонӣ, тарбия кардани насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳон ба давлати азизамон-Тоҷикистон мо дар ин самт диққати махсусро равона намудаем.
Ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як тараф аз нав эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ бошад, аз ҷониби дигар тарбия намудани ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои ниёгонамон ба онҳо мебошад, то ин ки ҳунарҳои аҷдодонамонро аз худ намуда, ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Занони ҳунарманди ин деҳа чанд намуди хӯрокҳои миллиро ба намоиш гузоштанд, ки ҳамагон аз ин намоишгоҳ дидан намуданд.
Дар баробари андешаронӣ Сатторова Мунаввара атрофи ҳодисаи фоҷиабору нангини гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки бо фармоиши ТЭТ ҲНИ дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара даст заданд ва иқрори Аёмиддин Сатторов, ки бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш гардида буд, ҳарф зада, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ карданд.