БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шинохти асли хеш тавассути намоиши ҳунарҳои мардумӣ

КӮЛОБ. Аз рӯи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва баргузории чорабиниҳои гуногун дар сатҳи деҳаю маҳал дар деҳаи Таниёли ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, дар ҳамоиш гуфта шуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ба рушди он таккони ҷиддӣ бахшид. Мардуми тоҷик аз қадимулайём ба чакандӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои миллии тоҷикона муштоқ буда, бо эълон намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷаҳон муаррифгари Тоҷикистон гардиданд.

Таъкид шуд, ки ҳунармандон бояд нозукиҳои касби мардумиро ба наврасону ҷавонон нишон диҳанд ва ба ин васила дар шинохти асли хеш онҳоро огоҳ созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg