БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ зевари миллии ҷавонон

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Шаҳбур 2-и ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии  ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов Гулонов Фирдавс иштирок намуда, доир ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хатар, оқибат ва пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ, анҷоми корҳои созандагию ободкорӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ суханронӣ намуд.

Зимни баргузории чорабинӣ иброз дошта шуд, ки тарбияи дурусти ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ   ҳаргиз намегузорад, ки онҳо ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро шомил ва фирефта гарданд. Маҳз тарбияи баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ барои содиқона хизмат намудани ҳар як фард заминаи муассир мегузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg