БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар фаъолияти мо талошу заҳмати ҳар як узви ҳизб ба хотири ободии Ватан қадрдони мегардад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омори шаҳр” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

 Дар  вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал  ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Сараввал  Наҷидуллоев Тавакал  ба сухан баромада, дар назди ҷамъомадагон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда,  қайд кард, ки ҲХДТ  фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар назди  аъзои ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми сазовор гузорад. Имрӯзҳо сохторҳои ҳизбӣ, махсусан, кумитаҳо ва ташкилотҳои ибтидоиро зарур аст, ки ҳамарӯза аз мушкилоти аҳли ҷомеа огоҳ бошанд ва барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ҳамкории самаранокро бо мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намоянд. Такшилотҳои ҳизбӣ бо нерӯи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта, ба мафкураи мардум таъсири мусбӣ мерасонад ва онҳоро ба корҳои созанда ҷалб мекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg