БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди ояндаи дурахшони ҷомеа

ВАХШ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар  муассиҳои таълимии № 22 ва № 26-и  ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш бо омӯзгорону хонандагони сифнҳои болоӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Сараввал мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Вахш  Даминов Илҳом ба сухан баромада, оид ба кору фаъолияти  устодону омӯзгорон, ки  дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон саҳми бузургу арзанда доранд ҳарф зада, зикр кард, ки  рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди  пешрафт  ва ояндаи  дурахшони  ҷомеа мебошад. 

Инчунин, мавсуф дар идома  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ,  оғози Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»,  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва созмонҳои террористию экстремистӣ,  арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ андешаронӣ намуда,  онҳоро  барои  фаъолияти пурсамар дар таълмиу тарбияи насли наврас ва дониши аъло  дар идомаи соли нави хониш даъват кард. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg