БОХТАР. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар маҳалаи Дӯстӣ доир гардид.
Дар он раиси Кумиттаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия Асадуллозода Ватан иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва нақши ҷавонони ҳизб дар пешрафти ҷомеа ҳарф зада, иброз доштанд, ки имрӯз агар ба ҳаёти ҷомеа назар андозем, баръало мебинем, ки ҷавонон дар соҳаҳои мухталиф пурсамар кору фаъолият доранд. Ҷавонон чӣ дар соҳаи маориф, чӣ дар соҳаи варзиш ва чӣ дар соҳаи фарҳангу маданияту санъат хуллас дар тамоми соҳаҳо фаъолияти хуб доранд.
Баъдан мавсуф дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки ҷавононро мебояд пайваста илму ҳунар омӯзанд ва дар пайи ободӣ ва пешрафти иқтисоду маънавиёти меҳан саҳми арзанда гузоранд. Моро лозим аст, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Ҳама ҳамоҳанг, ҳама ҳамдил, ҳама ҳамдӯст, ҳама ҳамқадам ба сӯйи фардои дурахшон, ба сӯйи боз ҳам ободиҳои ободтар бо виқор ва бо ифтихор қадам занему Ватанро обод ва ҳифз намоем.