БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Масхарабозиҳои навбатии Кабирӣ дар Варшава фош гардиданд

ВОКУНИШ. Тибқи наворҳои пахшшудаи  интернетӣ боз аз як аблаҳӣ  ва масхарабозии сиёсии Кабирӣ дар Варшава  харабдор шудем. Ин палидаки сиёсӣ  бо афкори ҳаромаш  дар яке аз  ҷаласаҳои  САҲА дар Варшава  ҳамроҳи чанд думраваконаш бар зидди Тоҷикистони озод, ки имрӯз хеле зебо  ва соҳибистиқлол аст «загавор» ташкил карда будааст.

Аҷабам омад, ки ин се фарди бегонаи миллати тоҷик Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев,  Илҳом Ёқубов дар ибтидо бо  Кабирии гурсухта якҷоя  будаанд. Алҳол ба гуруҳҳо ҷудо шудаанд. Имрӯз  компромис  бастаанд ва мехоҳанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол амалҳои  терористию ифротгароиро  роҳандозӣ кунанд. Имрӯз  Тоҷикистониён аз амалҳои  нопоки  онҳо ба хуби огоҳанд. Ҳеҷ гоҳ  фирефтаи душманони  кишвар нахоҳанд шуд. Зиндагӣ ва таърихи инсоният  исбот кардааст, ки бо  террору ифрот кассе ғолиб наомадааст, балки  террорист  ҳаром мурдааст, чун ки  вай дин, мазҳаб, миллат ва Ватан надорад

 Имрӯз саркардаҳои наҳзат ба якдигарашон  эътимод ва боварӣ  надоранд. Ягона  коре, ки онҳо мекунанд, мағзшӯии ҷавонони камсаводу бесавод аз дину сиёсат бехабарро  гумроҳ кардан иборат аст. Набошад чаро ҷавони Тоҷикистонии  19-21  сола ба доми фиребу  найранги ин иблисҳои  одамхӯр афтида, дар кишвари  худашон сайёҳони  бегуноҳро  ба қатл мерасонанд.

Аз ин лиҳоз  ман як нафар  сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол амалҳои  Кабирии террорист ва  пайравони  ӯро  дар  Варшава як  найрангбозии  сиёсӣ  ҳисобида, ба онҳо нафрат дорам.

Воқеан ҳам ҳар зараррасондаи инсонро  нест бояд кард, гуфта буданд дар давраи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ  устод  С.Айнӣ . Чун Кабирию наҳзатиҳои бадбахти  ӯ дар хориҷа  бояд дастгирӣ  наёбанд. Ҳамчун террорист нест карда шаванд, то ин , ки  инсоният  аз дасти чунин хоинони миллат ба қатл  нарасанд ва озод  зиндагонӣ  кунанд.

Ятимов М–вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg