БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шеваи сагонаи муносибати ҳаводорони ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Варшава ба манфиати кист?

ВОКУНИШ. Тавре аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ шудем, ҳаводорони ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Варшава бо пештозию пешандозии Сулаймони Орзу бо лафзи тунду қабеҳ ба намояндагони ҳайати комиссияи ҳукуматии Тоҷикистон муносибат карда, ба истилоҳ фарҳанги омӯхтаи иртиҷоиашонро назди  ҳозирин ва ҷомеаи аврупоӣ ба намоиш гузоштанд.

Сулаймони Орзу бешармона иброз медорад, ки ҳангоми маҷбуран додани навиштаҷот ва хостори гирифтани акс бо узви комиссияи ҳукуматӣ Айёмуддин Сатторов аз ҷониби намояндаи ҳукуматӣ мавриди зуроварӣ қарор гирифтааст.

Муносибату амали ин хоин ва ҳаммаслаконаш ибораи сагони гушнаи дар ҳасрати нонро пеши назар меорад, ки барои насиби рӯзӣ кардани  як луқма  нон назди соҳибаш дум ликонда, оқибат ба ҷойи шикамсерӣ зарби дангалро таҳаммул мекунад.

Ин касиф фикр кардааст, ки ҷаласа дар Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардида истодаасту баъди озор дидан охундҳои эронӣ ба кӯмакаш мешитобанд. То ҷое огоҳем,  барои тафриқаандозию «буққагарӣ» ин нохалафон аз идораи пулиси Варшава даъватнома дастрас кардаанд ва аз шеваи сагонаи рафторашон онҳо назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.

    Дар навор кушоду равшан дида мешавад, ки ба ном ислоҳталабони наҳзатӣ ҳатто шеваи гуфтори забони адабии тоҷикиро надоранд. Ҷойи меҳру шафқат дар вуҷуди онҳо кибру ғурур ва худпарастӣ макон кардааст, ки дар шеваи гуфтори онҳо бармало эҳсос мегардад.

Шахсе, ки оддитарин дараҷаи одоби муошират ва дипломатияи сиёсиро намедонад, чиро  интизор хоҳем буд  аз таҳлилу мавқеъгирии сиёсиаш! Дар ҳаракату нигоҳи ин тоифа ба ҷуз шахсиятҳои эҳсосотию асолатгумкарда чизи дигареро интизор шудан нашояд. Ба ибораи дигар «агар буз хирман мекуфт, ҳоҷати истифодаи барзагов» набуд. Ин тоифа бузҳои мағзшӯста охири роҳи рафтаи худро намедонанд. Ба андешае, ба ҷуз миёни биниашон роҳи дур, пастию баландии зиндагиро дарк намесозанд.

Шеваи сагонаи муносибати ин асолатбохтагон бурди дипломатияи сиёсии тоҷик аст, ки мо ҳамагон аз ин ҳодиса якдилона истиқбол менамоем.  

 Ҳошимов Абдураҳим -  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg