БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Механизми нави гумроҳсозии хоинони миллат ва ё имзои масхарапаймон байни лухтакҳое, ки аз як даст идора мешаванд!

ВОКУНИШ. Тавре, ки мо ҷавонон ва сокинони фаъоли кишвар аз расонаҳо огоҳ шудем 4 созмони ба қавле “оппозитсионӣ” – ҳизби террористии наҳзати ислом ва се ташкилоте, ки худи наҳзатиёни хоин бо номҳои назарфиреб ба таври сунъӣ сохтаанд, яъне Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, дар Варшава ба таври масхараомез байни худ “созишнома” имзо кардаанд ва иттиҳоде бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис додаанд, ки ҷуз макру фиреб ва роҳи нави гумроҳсози чизе беш нест.

Аҷаб мантиқе! Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофудин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, ки гӯиё чор гурӯҳи алоҳидаи “мухолифин”-ро намояндагӣ карданд, ҳамагӣ узви мафияи террористии наҳзат ҳастанд. Барои мо ҷавонони кишвар дар асл хандадор ва шармовар аст ин паймонро “миллӣ” унвон кардан, зеро наҳзатиёни хиёнатпеша, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонд, радди маърака шуданд ва ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон барои ҷомеаи солим нодаркор гаштанд, худашонро аввал пора-пора карданд ва баъд боз байни пораҳои худ “паймон” бастанд. Аз мантиқи ин намоиши тақаллубӣ маълум аст, ки ҳизби наҳзатро ҳатто ҳизб ҳам гуфтан мумкин нест, ҳатто ҳизби террористӣ ҳам бошад. Онҳо гурӯҳе иборат аз чор қаллоб, ватанфуруш, хоини миллату давлат ва мардумфиреб зиёд нестанд.

Кутоҳи андеша ҷавонони мо хуб медонанд, ки дар тамоми нооромиҳое, ки дар муддати ин 27-сол дар Ҷумхурии тозаистиқлоли мо ба амал омада бошад, пайи наҳзатиёни хоинро дидан мумкин аст.

Боиси таҷҷуб аст, ки чаро хиёнаткорони миллат М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба мисли Сатторов Аёмиддин аз мардуми Тоҷикистон узр намепурсанд, ба Ватан барнамегарданд ва ба меҳнати ҳалол машғул намешаванд. Мардуми сарбаланду таҳаммулпазири Тоҷикистон то ба имрўз аз хиёнату нағмаҳои ТЭТ ҲНИ чунон дилгир ва зираку ҳушёр шудаанд, ки агар ТЭТ ҲНИ садҳо бори дигар худро дар пўсти бузу гўсфандҳои гуногунранг ҷилва созад ҳам, кӣ будани онро мефаҳманд ва ниёз ба ягон хел «Паймони миллии тоҷикон»-и хиёнаткори ватанфурўш надоранд. Ҳеҷ гоҳ «паймон»-и чанд нафар хиёнаткори Ватану миллат наметавонад паймони миллии нўҳ миллион шаҳрванди Тоҷикистон бошад.

Ин масхарапаймоне, ки ҳамакнун наҳзатиён байни худ бастанд, бори дигар аз оғози анҷоми корашон шаҳодат медиҳанд, мисли шахси дар сакароти ҷон, ки хона равшан мекунад...

Бори дигар ҳамчун як сокини ин сарзамини пурганҷу биҳишосо Тоҷикистони азиз аз тамоми сокинон ва ҳамсолонам даъват менамоям, ки ҳушёри ва зиракии сиёсиро аз даст надода аз механизми нави гумроҳсозии хоинони миллат ва ё имзои масхарапаймон байни лухтакҳое, ки аз як даст идора мешаванд огоҳи пайдо карда қотеона бо ин хоинони миллат муборизаи беамон баранд!

Амирзода Аловуддин Қурбоналӣ- муовини раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg