БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғибот ба хотири созандагиву ободонии диёри азизамон

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоӣ “Идораи роҳсозон” бо кормандон ва фаъолони ҳизб хониши сиёсӣ  вобаста ба мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ вохӯрӣ доир  намуданд.

Вохӯриро мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сунатулоева Мавзуна кушода, оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар бораи терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз  ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ суханронӣ кард. 

Баъдан узви фаъоли ҲХДТ Мирзоев Мирзомад  ба сухан баромада, суханронии масъулинро хуб пазируфта бо боварии комил иброз дошт, ки  баҳри боз  ҳам обод  намудани шоҳроҳи ноҳия кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар ноҳияи Шамсиддин  Шоҳин  камари ҳиммат мебанданд ва нигоҳдории онҳоро мувофиқи мақсад ба роҳ мемонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg