БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар маҳал озмунҳои ҳизбӣ тарғиб шуда истодаанд

ШАҲРИТУЗ.  Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Лолазор-2 ҷамоати деҳоти ба номи Талбак  Садриддинови  ноҳияи Шаҳритуз  бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира вохӯрӣ бо сокинон дар атрофи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизб  ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гашт.

Зимнан Абдуллоева Шоира дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, андешаронӣ карда, инчунин дар ин раванд моҳияти озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал», «Тарроҳи беҳтарин», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ» ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  фаҳмонид.

Инчунин, мавсуф  дар идомаи суҳбат  аз ҷамъомадагон  барои  иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии  Аксияи мазкур, ки ба ободиву шукуфоии Ватан ва рӯзгори  босаодати  сокинон нигаронида шудааст, даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg