БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият ҷавҳари асосии зиндагии миллат аст

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Лоиқ Шералии ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун Соҷида Асоева, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарзона Ализода, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насимахон Ғаффорова ва сокинони маҳаллаи болозикр доир гардид.

Дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулотҳои кишоварзии хоси мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд, ки касро дар ҳайрат мегозошт.

Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун Соҷида Асоева вобаста ба моҳияту таърихи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» муфассал суханронӣ намуда, ба дили бошандагон маъво андохтанд. Ҳамин буд, ки занони ҳунарманди маҳалла, ки ба дӯхтану бофтани матоъҳои миллии хоси мардуми тоҷик машғул буданд ваъда доданд, ки соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, дар ин сол кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулотҳои дастранҷи истеҳсоли худро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар истеҳсол намуда, дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузорад.

Ҳамчунин занони ҳунарманди маҳалла дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки ҳунарҳои андухтаи худро ба ҷавондухтарон омӯзонанд ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg