БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум ба суҳбатҳои судманд эҳтиёҷ доранд

ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи дурдасти Қадаҳии ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат доир карда шуд. 

Дар ҷамъомад оид ба он вазифаҳое, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, роҳҳои мубориза ба терроризм ва дигар амалҳои тундгаро, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ,  сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда,  паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ,  риояи урфу одат ва фарҳанги миллӣ, аз ҷумла дар пӯшидани либоси миллӣ ва дигар масъалаҳои таваҷҷуҳи назари шунавандагон, ки аз самтҳои муайянкардашуда бармеоянд, ба таври муфассал ва фаҳмо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.

Дар ҷаъбаст раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қадаҳӣ”  баромад намуда, ба Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия барои ташкили чунин суҳбати муфид дар мавзуъи рӯз аз номи сокинони деҳа изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҳунармандони деҳа аз ин пешниҳоди Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, ки ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба меҳнати фоиданок ҷалб гардидани одамон ва беҳбудии зисту зиндагии мардум мусоидат менамояд, изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ намуда, дар ҷавоб ба ин пешниҳод ваъда доданд, ки ҳунарҳои аз байн рафтаро аз нав эҳё менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg