БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими сулҳу субот аз ҳадафҳои олии ҲХДТ мебошад

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистн дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров  барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои нимсолаи дуюми соли 2018 дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул  Турдиев бо аҳолии деҳа вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя хал мкунем!» андешаронӣ намуда , иброз дошт, ки мардуми тоҷик аз қадим меҳнатдӯсту ҳунарманд аст, бинобар ҳамин сабаб то ба имрӯз анъанаҳои неки ниёгон ба мо боқӣ мондаанд. Ҳамин чизро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Ба муносибати 27-солагии Истиқлоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ аз тарафи шахсони алоҳида ба хусус соҳибкорон вусъат гирифтааст. Бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Давлаов Маҳмадулло аз фермаи чорвои калони шохдор, дар сарҳади ҷамоати деҳоти Панҷоб воқеъ аст то деҳаи Сомониён роҳ сангфарш карда шудааст.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо маҳсули дастони ҳунарманди деҳаи Сомониён аз наздик шинос шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg