БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ба некӯаҳволии мардум равона шудааст

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи ҳизб бо маҳал ва иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  дар деҳаи Танобчии поёни ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик вохӯрии нақшавии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид бо сокинон баргузор гардид. 

Зимни хониши сиёсӣ дар  мавзӯъи   самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  Раҷабзода Маҳмадсаид андешаронӣ  намуд.   

Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид  сокинони деҳаи номбурда Валиева Моҳрухсор ва Миняшарова Гуландом андешаҳои худро баён карданд.

Сипас,  дар идомаи хониши сиёсӣ ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз маҳсули дастонашонро ба намоиш гузоштанд, ки аз ин намоишгоҳ ҳамагон дидан карда, барои боз ҳам сайқал додани ҳунарҳои мардумӣ, афзаоиш додани ҷойҳои корӣ дар хона ва ҷалби шаҳрвандони бекор ба корҳои хонагӣ тавсияҳои судманд доданд.   

Дар  интиҳои  чорабинӣ ба  се нафар ятимони кулл ва оилаҳои ниёзманди ҷомеа Раҷабов Алидод, Давлатов Алиакбар, Убайдова Асмоа ашёи хониш аз ҷониби раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   бо иштироки Раҷабзода Маҳмадсаид туҳфа карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg