БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғибу ташвиқи корҳои созанда дар меҳвари асосии ҲХДТ

ФАРХОР. Мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Назаров Алиҷон дар ташкилоти ибтидоии «Марказ» баргузор  гардид.

Дар мулоқот Назаров Алиҷон дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтиарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда, моҳияти  Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро  муҳокима намуд.

Ҳамзамон, мавсуф масоили хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, ҳушёрии сиёсӣ, хештаншиносию ватандӯстӣ, риояи ҳатмии талаботи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳои ҳизбӣ суханронӣ  намуда, ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати  хирадмандони   Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳидоят кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg