БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби сокинон амалӣ шуда истодааст

ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар доираи баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии ноҳия ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд.

Мақсади аслии гузаронидани ҳашари дастаҷамъона дар ободу зебо гардонидани варзишгоҳ, тозакунии гирду атрофи он ва ба тантанаҳои ҷашнӣ омода кардани варзишгоҳ буд.

Бо ҳамин нияти нек ва ташаббуси ватандӯстонаи фаъолон, аъзо ва ҷонибдоронии ҲХДТ,  аъзои намояндагии  ТҶҶ  «Созандагони Ватан» ба ҳашари умумӣ баромада,  дар тозаву озода кардани як гӯшаи диёр саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Дар ҳашари дастаҷамъона аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ”, “Маркази саломатӣ”, “Маркази давлатии назоратии санитарию эпидемиологии ноҳия”, “Мактабҳои варзишӣ” ва дигар корхонаву ташкилотҳо саҳми арзандаи  худро гузоштанд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик дар оянда низ тасмим дорад, ки дар доираи талаботҳои Аксияи номбурда  чунин ҳашарҳоро бо мақсади роҳандозии корҳои ободонию созандагӣ ва хуррамгардонӣ тақвият бахшад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg