ПАНҶ. Чорабинии фарҳангии маҳаллаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ бо намоиши ҳунарҳои мардумии маҳал оғоз гардид. Ҳунармандони касбӣ маҳсули заҳмати шабонарӯзии худро, ки иборат аз чакану сӯзанӣ, гулӯдузию намадмолӣ, маҳсулотҳои оҳангарӣ, кандакорӣ, табақу қошуқҳои чӯбин, ки аслан моли мардуми тоҷик мебошад, ба маърази тамошо гузошта буданд.
Мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии маҳалла дар толори чойхонаи маҳалла бо иштироки аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии «Чашмасор» ва бевосита бо баромади масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия роҳандозӣ гардид.
Файзиев Каримҷон доир ба моҳияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба раванди батадриҷ беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ, таъсири бузург расонад, аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ, инчунин эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои мардумӣ, ки таърихи беш аз ҳазоросола доранд, нақши муассир гузошта, дар ин росто муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад.
Дар идома оид ба масъалаи мубрами рӯз пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористии дар кишвар мамнӯъ ибрози андеша карда шуд. Аз ҷумла, аз фаъолони маҳал ва модарону хоҳарони ин ҷамъомад даъват ба амал оварда шуд, нисбат ба ҷавонону наврасони деҳа ва фарзандони худ беаҳамият набуда, ҷиҳати истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, ки яке аз роҳҳои шомилшавӣ ба ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ мебошад, корбарӣ намоянд.
Дар охир, Кенҷаев Додихудо аз иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб изҳори миннатдорӣ намуда, ин иқдоми созандаи ҲХДТ-ро пайомади нек шуморид ва изҳор дошт, ки мардуми маҳал дар корҳои ободонӣ ва созандагии маҳали худ саҳми босазо мегузоранд.