БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тоҷик бо Сарвари хирадпешааш ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва сулҳпарвар ба ҷаҳониён муаррифӣ шудааст

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  дар деҳаи Сафедорони ҷамоати деҳоти Озодагон  бо иштироки фаъолону сокинони маҳалла чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо баррасии муҳимтарин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Ба ҳайати меҳмонон - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ Шарифзода Марям  вакили Маҷлиси вакилони ҷамоати Озодагон Назаралиев Зикрулло, раиси ҷамоати деҳоти Озодагон Ҳакимов Ҷовид ва Қаландарова Зайтуна собиқадори меҳнат, фаъоли ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Файзиев Каримҷон чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, баргузор намудани чунин чорабиниҳои сиёсию фарҳангиро, ки ҷиҳати тақвият бахшидани робитаи ҳизб бо маҳал ва  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардида истодаанд, андешаронӣ намуд.

Баъдан  Шарифзода Марям ва собиқадори ҳизб Қаландарова Зайтуна оид ба  муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  андешаронӣ намуда,  қайд карданд, ки дар роҳи расидан ба ин фархундарӯзӣ ва ҳифзу нигаҳдошти он  шебу фарозҳо, омаду ноомадҳо, мушкилоте пешорӯи миллати мо  буд, ки мардуми шарафманди  тоҷик бо Сарвари хирадпеша ва дурандеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо сарбаланди онро паси сар намуданд. Ҳамзамон, барои мардуми  тоҷик ҷои ифтихор аст, ки  тоҷикон  аз ҷумлаи халқҳое мебошанд, ки дар офариниши тамаддуни  башарӣ  то имрӯз саҳми арзандаву босазо  доранд. Ҳамчун оиди хизматҳои беназир ва шоистаи ин Марди кишварсоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ шуд.  Исботи ин гуфтаҳо сафари кории Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки санадҳои муҳими хамкории ду кишвари ба ҳам дӯст  ба имзо расиданд. 

Дар идома Ҳакимов Ҷовид аз сокинони маҳаллаи Сафедорон даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардуми маҳал дар мавриди хатари терроризму экстремизм, оиди фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои  иртиҷоии дар  кишвар мамнӯъ ва мубориза зидди онҳо ва дар ин росто фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз  бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияти асолати миллӣ саъю талош намоянд.

Чорабинии сиёсии фарҳангии маҳаллаи Сафедорон бо намоиши гӯшаи китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастранҷи сокинони маҳал, аз қабили кашидадӯзиҳои гуногун, маҳсулотҳои кишоварзӣ, оҳангарӣ, чубтарошӣ, кандакорӣ ва  ба маърази тамошо гузошта шуда буд, идома ёфт.

Дар охир, барои таблиғу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи зебопарастӣ, амалишавии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар байни омма ва  иштироки фаъолона дар чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳи ва хунарҳои миллӣ раиси ташкилоти ибтидоии «Сафедорон» Файзов Шодӣ, раиси маҳалла Қобилов Пирумшо ва як қатор ҳунармандони маҳалла бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg