БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он

НОРАК. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и шаҳри Норак     вохӯрӣ доир гардид.  Дар вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизбӣ аз тарафи мудирони шуъбаҳои кор бо занону ҷавонон ва  таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Муслима Ғуриева ва Фирдавс Ғафурзода  баромадҳо карда шуд.

Муслима Ғуриева  оид ба нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуда,  иброз дошт, ки  иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Раиси  муаззами ҲХДТ муҳтиарам Эмомалӣ Раҳмон барои  ободии Ватан ва рӯзгори  осудаи мардум  мусоидат менамояд ва аз ҳар яки мо барои  дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи  фарзанди фарзонаи миллат  хизмати содиқонаро тақозо менамояд.

Сипас, Ғафурзода Фирдавс оид ба аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он,  пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад карда, насли наврасу ҷавонро барои навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва технологияи муосир  раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg