![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180822_082613.jpg?itok=Rbp7GWvN)
МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони Шуғли аҳолии ноҳияи Муъминобод хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротов ва раиси ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» Юсуфов Қаюм иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан Салоҳиддин Мирнзобаротов дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳои ҳизбӣ, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдоронир ҲХДТ, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои номатлуб, фарҳанги оиладорӣ, таҷрибаи рӯзгордорӣ, донишу малакаҳои онҳо дар ташкили оиладорӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, ҳолатҳои муноқишаи оилавӣ, ёрии амалӣ ва ҳуқуқӣ расонидан ба оилаҳои носолим андешаронӣ намуда, онҳоро барои дар амал татбиқ намудан ва дар байни ҷомеа тарғиб кардани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал овард.