БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Даъвати сокинон барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар корхона, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои шаҳри Левакант дар нимсолаи дуюми соли равон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сомон» вохӯрии судманд баргузор гардид.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Валиев Суҳроб дар назди ҷамъомадагон баромад намуда, оид ба ҳадафҳои Оиномавӣ ва Барномавӣ ва атрофии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар бораи ватандӯстию хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллию ахлоқӣ, сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, бори дигар мардумро аз амалҳои зишту нангини ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хабардор кард.

Инчунин, дар ин раванд муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Фароғат Назарова оид ба эълон гардидани  соли 2018 ҳамчун Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва аз ин ҳисоб паст кардани  сатҳи  камбизоатӣ ва бекорӣ ва моҳияти озмунҳои ҳибиро муҳокима карда, ҷамъомадагонро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg