![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180905_095911_0.jpg?itok=rdDVrT4z)
КУШОНИЁН. Баргузории вохӯрӣ бо мардуми хунарманди деҳаи Баракати ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара баргузор гардида, дар он мавсуф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баррасӣ намуда, қайд кард, ки дар руҳияи мардум тақвият додани инсондӯстию меҳнатдӯстӣ, ҳунармандиву бунёдкорӣ, намоиши таомҳои миллӣ, созандагиву ободонӣ тарбия кардани насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳон ба давлати азизамон-Тоҷикистон мо дар ин самт диққати махсусро равона намудаем.
Ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як тараф ба аз нав эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ аз ҷониби дигар тарбия намудани ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои ниёгонамон ба онҳо мебошад, то ин ки ҳунарҳои аҷдодонамонро аз худ намуда, ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
Дар баробари андешаронӣ Сатторова Мунаввара атрофи ҳодисаи фоҷиабору нангини гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки бо фармоиши ТЭТ ҲНИ дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара даст заданд, ҳарф зада, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намуд.
Инчунин, иброз карда шуд, ки ба хотири дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷуда сафарбар гардида, сокинон ҳиссаи арзандаи худро дар корҳои созандагиву ободкорӣ бо ҳамдилӣ ҳиссагузорӣ намоянд.