БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ – ҷиҳати таҳким бахшидани фарҳангу эҳёи истеъдодҳо

КӮЛОБ. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар деҳаи Лавоваи ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ, аз ҷумла мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Файзуллоев Алишер ва ҷонишини раиси ҷамоати деҳоти Даҳана Сайдаҳмадова Латофат чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Файзуллоев Алишер суханронӣ намуда, иброз дошт, ки барои рушди ҳунарҳои дастии ҳунармандон гузаронидани чунин ҳамоишҳо ба манфиати кор буда, аз тарафи дигар бошад, мо ҳизбиён дар байни мардум рӯ ба рӯ суҳбат карда, нисбати сиёсати бунёдкоронаи  имрӯзаи давлату Ҳукумат корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, мардумро барои сарҷамӣ ва корҳои неку созанда талқин менамоем.

Дар охир аз ҷониби иштирокчиёни ин чорабинӣ қайд гардид, ки бо мақсади таҳким бахшидан ба фарҳангу ҳунари миллӣ ва эҳёи истеъдодҳо дар деҳаву маҳаллаҳо баргузор кардани чорабиниҳои ҳунарҳои мардумӣ муҳиму саривақтист.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg