БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарманд ҳамаҷо арҷманд аст!

ЁВОН. Бо мақсади баргузории чорабинии сиёсию фарҳангӣ гурӯҳи кории  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба деҳаи Қамбарии ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова ташриф овард.  Саҳни баргузории чорабинӣ идона ороста шуда, бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ороиш ёфта буд. Гӯшаи дигареро намоиши ҳунарҳои кадбонугӣ, пазандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шукӯҳи хосса мебахшид. Вақти боздид аз ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамсуҳбат гардидан бо занони ҳунарманди деҳаи Қамбарӣ  ногоҳ чашмам  ба марде афтод, ки миёни занон паси чанбараки мошинаи дарздӯзӣ нишаста, болишчаи қуроқӣ медӯхт. Чун дар давоми 18 соли фаъолияти кориям маротибаи якум бо чунин ҳодиса ва ё мавзӯъ рӯ ба рӯ гардидам. Дар чорабинӣ фурсати бо ӯ ҳамсуҳбат шуданро наёфтам, чун рафти баргузории чорабинии мазкур ба зиммаи мо вогузор гардида буд.

Вақт пайдо намуда, ба аёдати акои Сафарбек рафтам. ӯро дар хонааш дар ҳалқаи фарзандон ва наберагонаш дарёфтам. Акои Сафарбек соли 1945 дар деҳаи Коҳдарав ба дунё омадааст. Соли 1969 ҳамроҳи падару модар ба деҳаи Қамбарӣ кӯч бастаанд ва то ба имрӯз дар ин деҳа зиндагонӣ мекунад. Акои Сафарбек аз синфи сеюмӣ ба ҳунарӣ дӯзандагӣ шавқ пайдо кардааст. Дар вақти баргузории дарсҳои таълими меҳнат писарон ба корҳои дуредгарӣ, шинонидани гулу гулбуттаҳо машғул мешуданд, аммо Сафарбеки кӯчак ба корҳои бачагӣ, ки шавқ надошт, давида миёни духтарон пинҳон гардида, ба дӯхтани ҳар гуна либосҳо аз матоъҳои гуногун машғул мегардид. Аз хонаашон аз модар пинҳонӣ ҳар гуна пораҳои матоъҳои нолозимро ба мактаб бурда, болиштчаҳои қуроқӣ медӯхт. Ин ҳунарро Акои Сафарбек аз устодаш  Раҳимов Анвар омӯхтааст.  Акои Сафарбек на танҳо ҳунари қуроқдӯзӣ дорад, балки барои навхонадорон кӯрпача, гулдӯзӣ, чодар, болиштчаҳои қуроқию зардӯзӣ, рафидаҳои нақшин медӯзад. Болои ин Акои Сафарбек барои мардуми деҳаи Қамбарӣ ҳавло, таҳмол мепазад ва бо хоҳиши онҳо барояшон дегдонҳои бобоӣ месозад.

Акои Сафарбек аз пешниҳоди хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хушнуду сарфароз аст ва қайд намуданд, ки Пешвои миллат бо эълон намудани ин пешниҳоди оқилонаи хеш бори дигар ба зан-модари тоҷик таваҷҷуҳ намуда, манзалату асолати мардуми ҳунарманд ва зани тоҷикро дар назди ҷаҳониён баланд бардоштанд. Мебояд, ки ҳар як зан-модари тоҷик, хосса ҳунармандони чирадаст ин пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро давоми соли равон бо хушнудӣ пазируфта, пайи муррифӣ намудани ҳунарҳои мардумӣ дар арсаи ҷаҳон гарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg