ДӮСТӢ. Дар доираи баргузории Аксияи матрғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Гулобод»-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Ёров Ғиёсиддин ва иштироки фаъолонаи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободониву созандагӣ дар оромгоҳи деҳаи Шаҳдрези ҷамоати номбурда баргузор карда шуд.
Дар баргузории Аксияи ҳизбӣ узви ҲХДТ, раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҷалолов Абубакр иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Аксияи мазкур андешаронӣ карданд.
Қайд кардан зурар аст, ки барои аз нав барқарор намудани таҳкурсӣ ва девори оромгоҳи деҳаи Шаҳдрез сокинони деҳаи Гулобод дарозии 120 метр деворро аз нав сохта, гирду атрофи онро аз партову алафҳои бегона тоза намуданд.
Масъулин барои ташкилу баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, ки яке аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ барои боз ҳам ободу зебо гаштани як гӯшаи диёр равона карда шудааст, изҳори миннатдорӣ баён карданд.