БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият - бузургтарин сармояи миллат аст

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсу намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмуҳаммад иштирок намуда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли тақвияти робита бо маҳал, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корҳои созандагиву ободкорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, риояи қонунҳои миллӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонону наврасон суханронӣ намуд.

Зимни баргузории чорабинӣ зикр гардид, ки “Истиқлолият -бузургтарин сармояи миллати тоҷик аст, ки он ҳамчун асоси давлатдорӣ ва шинохти миллат дониста мешавад. Хизмати софдилонаву содиқона ба Ватани маҳбуб ин инъикосгари пайравӣ намудан аз ниёгони шуҷоъу далер ва хирадманди мо мебошад”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg