БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-нерӯи бузург баҳри пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳоҷӣ Шариф” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба хисобгирӣ Раҷабализода Парвиз ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ Наҷидуллоев Тавакал  ба сухан баромада, оид  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз чумла баланд бардоштани  сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирии шаҳрвандон аз ташкилотҳои экстремистиву террористӣ суханрони намуда, қайд кард, ки дар самти пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифроти, ҷинояту ҷинояткорӣ бояд ҳамагон ба дарки масъулияти баланд ҳиссагузорӣ кунем,  сайъ намоем, ки ҷавононро дар роҳи дуруст таълиму тарбия кардаа, ба воя расонем, то ин ки барои давлату миллати худ хизмат намоянд.

Сипас, дар идома бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор аъзои фаъоли ташкилоти номбурда  барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қадрдонӣ карда шуда, инчунин ба аъзое, ки нав ба сафи ҳизб пайвастианд,   шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg