Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Халевард” хониши сиёсӣ доир намуданд.
Суҳбатро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар оғоз намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, расидан ба қадри арзишҳои волои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ, огоҳонидани мардум аз паёмадҳои хатаровари гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, боз ҳам ривоҷу равнақ додани касбу ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, иштирокдоронро барои дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои бузург истиқбол гирифтани ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ кард.