Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар маҳаллаи Мамашукури ҷамоати деҳоти Фирӯза бо иштироки васеъи сокинон бо мақсади сафарбар намудани аҳолӣ ба рушди корҳои хонагӣ, саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ мулоқот баргузор гардид.
Сокинони маҳалла ба мақсади тараққӣ додани урфу одат, анъанаҳои миллӣ, тақвияти соҳаи сайёҳӣ, муарифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш гузоштанд.
Зимнан чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки аз воситаҳои ахбори омма ҳамаи мо аз ҳодисаи нагини дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъомада, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардид ва намоиши телевизонии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» бо назардошти иқрори яке аз саркардагони ҲНИ Аёмиддин Сатторов огоҳ шудем, душманони миллат, бахусус гурӯҳи муташаккили ҷинояткор бо дастури ТТЭ ҲНИ ба амал бароварда шуд. Маҳз аъзои ҳамин ҳизб дар солҳои аввали Истиқлоияти бадастовардаи миллати тоҷик мардуми ноогоҳро ба майдонҳо кашида, бо дастури хоҷагони аҷнабии хориҷиашон талаботи сиёсии худро пешниҳод намуда, сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ ва рехта шудани хуни зиёда аз 160 ҳазор ва гуреза ба давлатҳои хориҷа гардид.
Дар вохӯри вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Алиқулов Абдулло иштирок намуда, зикр кард, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани супоришҳои дар Рӯзи дониш дар вохӯриашон бо кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон додаи Пешвои миллат аз ҳар кадоми мо иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷаъмӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати софдилона, масъулияти баланд ва ташаббускориро тоқазо менамояд.