БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чорабиниҳони фарҳангию- сиёсӣ дар доираи Соли тақвияти робита бо маҳал

ФАРХОР. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар ташкилоти ибтидоии «Сурхоб» -и ҷамоати деҳоти Ғалаба бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор  гардид.

Сараввал, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ кард. 

Сипас,сокинони деҳа Умарова Бибифайз, Розиева Лутфия бо як рӯҳи болида дар васфи Истиқлолият, Ватан, ва Пешвои миллат, шеърҳо қироат намуда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар  ифтихормандона  барои ташкили чунин вохӯрии судманд изҳори миннатдорӣ баён карданд.

Зимни баргузории чорабинӣ  сокинони деҳа, намунаи  ҳунарҳои мардумиро, аз қабили хӯрокҳои миллӣ ва намудҳои анвои қаннодӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ ба маърази тамошо гузоштанд.

Инчунин, дар чорабинӣ асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 27-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд, ки аз ин асарҳо сокинон аз наздик шинос шуданд.  

Ҳамзамон  сокинони деҳа, анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи худро, аз қабили гандум, ҷав, лӯбиё, нахуд, кунҷит, биринҷ, ҷуворимакка, каду, тарбуз ва меваҳои гуногуни тару тозаро ба намоиш гузошта буданд.

Дар охир кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Далер Раҳмонов ва Маъмурбӣ Раҳимова ба саҳмгузорони чорабинӣ изҳори  миннатдорӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg