БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризму экстремизм хатари ҷиддӣ ба Истиқлолияти давлатӣ

ПАНҶ. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта,  таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҷиҳати пойдорӣ ва устувории Ватан равшан сохт.

Муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат ҳар як фарди бонангу  номуси Ватанро водор месозад, ки дар рушди иқисоди миллӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ саҳми босазо гузорад.

Дар ин росто, ҳизбиён вазифадоранд, ки шарҳу тавзеҳи онро дар миёни аҳолӣ ба таври густурда ба роҳ монда, халқро  ҳамчун нерӯи бузурги пешбарандаву ободсоз барои анҷоми вазифаҳои муайян сафарбар намоянд.

Бо ин мақсад  дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷиксодиротбонк»-и ноҳия бо иштироки кормандону масъулони Кумитаи иҷроияи ҳизб  хониши  сиёсӣ   доир гардид, ки шунавандогони он аъзои ташкилоти ибтидоӣ буданд.

Зимни баромадҳо масъулон масъалаи бонкдориро мавриди таҳлил қарор дода қайд намуданд, ки дар асоси таваҷҷуҳи давлат ба масъалаи бонкдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа дар ин самт ҷихати баланд шудани ҳисси боварии мардум ба бонкҳо, бо истифода аз кортҳои пластикӣ, инчунин имтиёзҳое, ки дар самти бонкдорӣ ва  ташкили бонкҳо пешбинӣ  шудаанд, корҳои таблиғотиро роҳандозӣ намудан лозим аст.

Дар идомаи хониши сиёсӣ оид ба дигар самтҳои афзалиятноки ҳизб- хатари терроризму экстремизм ба Истиқлолияти давлати навтаъсиси Тоҷикистон, таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, ки  ба косташавии маънавиёти ҷомеа оварда мерасонад, андешарониҳо карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg