БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оилаи солим кафолати фардои дурахшон аст

МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони Маркази кӯмаки аввалияи тиббии ноҳияи  Муъминобод хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои номатлуб, фарҳанги оиладорӣ, таҷрибаи рӯзгордорӣ, донишу малакаи онҳо дар ташкили оиладорӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, ёрии амалӣ ва ҳуқуқӣ расонидан ба оилаҳои носолим ва муқовимат бо коррупсия андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар идомаи  хониши сиёсӣ  мавсуф иқдоми пешгирифтаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  оид ба роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро  баррасӣ карда, аз ҷамъомадагон барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg