БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ–ҳизби пешбаранда ва нерӯи муттаҳидсоз дар ҷомеа

МӮЪМИНОБОД. Бо истиқоматкунандагони деҳаи Ғеши ҷамоати деҳотӣ ба номи Н.Назаров тибқи ҷадвали баргузории бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рамазон Ҳайдаров ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Ғеш иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар он шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъи ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ баррасӣ карда шуданд. 

Инчунин,  бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи мазкур намоиши ҳунарҳои мардумии сокинон, аз кабили гулдӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ, қуроқдӯзӣ, попурӣ ба намоиш гузошта шуда, иштирокдорон аз намоишгоҳ дидан намуда, ба ҳунари волои онҳо  баҳои хуб доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg