БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қисмати тарғиботии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар маҳал

КУШОНИЁН. Бо иштироки   кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бо занони  пахтачини ташкилотии ибтидоии  “Қаҳрамон”-и  ҷамоати деҳоти Ориён вохӯрӣ баргузор гардид. 

Дар вохӯрӣ оид  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия  бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо, фаъол гардонидани аҳолӣ  дар самти мубориза  ба нашъамандиву нашъаҷалобӣ ҳамчун зуҳуротӣ  хатарзо  ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи  шаҳрвандон андешаронӣ намуда, дар чорабинӣ, ки  аксарияти иштирокчиён бонувон ва духтарон буданд масъалаи моҳияти донишомӯзӣ ва ба зинаи дуюм ва сеюми таҳсилот ҷалб гардидани онҳо баррасӣ гардид. 

Ҳамзамон, ба дарки ҷомеа расонида шуд, ки амалҳои террористиву экстремистие, ки дар Ватани маҳбуби мо рух медиҳанд, саркардагони онҳо ТЭТ ҲНИ буда, бо ҳар роҳу восита давлатҳои исломиро бадном карда истодаанд. Баъдан дар рафти чорабинии мазкур Аксияи таблиғотӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” доир гардид, ки иштирокдоронро барои анҷоми корҳои хайру сахо, корҳои ободониву созандагӣ, сафарбар кардани мардум ба тозаю озода намудани маҳали зист, кӯмак ба шахсони ниёзманди ҷомеа раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg