БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон дар самти гиромидошти ҷашнҳои миллӣ

 

 

 

КУШОНИЁН. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бо мардуми  хунарманди  деҳаи  Зарбдори ҷамоати деҳоти Ориён  доир гардид.

Ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як тараф аз нав эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ бошад, аз ҷониби дигар тарбия намудани ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои ниёгон ба онҳо мебошад, то ин ки ҳунарҳои аҷдодонамонро аз худ намуда, ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Дар баробари андешаронӣ раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кeшониён Мунаварра Сатторова атрофи ҳодисаи фоҷиабору нангини гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки бо фармоиши ТЭТ ҲНИ дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара даст заданд, ҳарф зада, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намуд.

Инчунин, иброз карда шуд, ки ба хотири дар сатҳи баланд ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷуда сафарбар карда шудаанд ва мебояд онро самаранок истифода бурд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg