БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ- омили асосии муаррифии Тоҷикистон

КӮЛОБ. Дар деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.

Зимни намоиш мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ ва кормандони масъули ҷамоати деҳоти Даҳана иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳангоми чорабинӣ ҳозирин бо навбат ба сухан баромада, қайд карданд, ки иқдоми нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ айни мудаост. Президенти кишвар бо диди дурандешонаи худ баҳри шинохти ҳунарҳои миллати тоҷик ба ҷаҳону ҷаҳониён кӯшиши беандоза намуда, таърих, урфу одат ва анъанаҳои қариб аз байн рафтаи тоҷикро тавонист бори дигар зинда созад.

Дар ин замина таъкид гардид, ки бояд кӯшиш намоем, то ин ҳама заҳматҳои Сарвари кишварро бенатиҷа намонда, ҳунарҳои мардумиро натанҳо бар сайёҳони хориҷӣ, балки ба ҳамватанони худ пешниҳод намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg