БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли 2018 – соли эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва талошу созандагиҳо

КӮЛОБ. Дар маҳаллаи ЧГП–1 бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби сокинон намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.

Зимни он муовини раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо, Валиева Саъбагул  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Хушвахтова Бибинур  аъзои Кумитаи иҷроия, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуда, қайд карданд, ки иқдоми наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин эълон доштани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддие бахшид ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бедории миллии мардуми тоҷик.

Дар баробари ин ҳамоиш бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ, 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб бо пайгирӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат бо дастгирии шахсони саховатпеша ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб толори варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Ҷавонони хушиқболи маҳаллаи Чармгарон дар арафаи иди Истиқлолияти давлатӣ аз ин туҳфаи арзишманду гаронбаҳо хушҳол гардида, бо изҳори сипос гуфтанд, ки минбаъд метавонанд дар ин толор ба тамрин ва машқи бадан машғул шуда дар тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа саҳмгузори менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg