БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар байни сокинон

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пилла”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён воқеъ дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб баромад намуда, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он қайд намуд, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар ҳаёт татбтиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзида, бо қабули санадҳои гуногуни муҳими иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро саривақту босифат ҳал намуда, эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти ҲХДТ бештар мегардонанд.                  

Ҳамчунин, доир ба суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 16 феврали соли 2018 сухан намуда, қайд намуд, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии кишвар дар ин самт салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дода истодааст”.

Бинобар ин, ба аъзогии ҳизб намояндагони ташаббускори соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аҳли зиё, коршиносону сиёсатмадорон умуман фаъолони ҷомеа ҷамъ омада, барои амалигардонии ҳадафҳои ҳизби саҳмгузор мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg