БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият пойдевори сулҳу субот ва зиндагии арзандаи мардум аст

ЁВОН. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Ширинчашмаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов  дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ карда шуд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳматуллоев Мақсуд ба сухан баромада, мардуми деҳаи Ширинчашмаро ба муносибати ҷашни 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбоши намуд. Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Абдуллоева Саёҳат ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот М.Солиҳов суханронӣ карда, дар қисми сиёсии чорабинӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,  аз даст надодани зиракиву сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба хизмати Ватан-Модар сафарбар намудани фарзандон, пеш аз хонадоршавии навҷавонон аз муоинаи тиббӣ гузаронидани онҳо ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ ҳунармандону ҳаҷвнигорони деҳаи Ширинчашма ҳунарнамоӣ намуда, хотири иштирокчиёнро шод карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg