БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир...

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз тарафи кормандони масъули он дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки  20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор гардонида шуд.

Дар рафти хониши сиёсӣ и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз баромад намуда, зикр намуд, ки сафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро зиёд намуда, фаъоляти ташкилоти ибтидоиро баҳри иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҳамаҷониба ҷоннок менамоем.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ҷалолов Абубакр оид ба амалҳои нанговари гурӯҳи экстремистиву террористии собиқ ҲНИ, ки саёҳони хориҷиро дар ноҳияи Данғара ба қатл расонида буданд,  инчунин оид ба гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо маърӯза пешниҳод намуд.

Зикр гардид, ки муносибати дипломатии ду кишвари бо ҳам дӯст Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки солҳои тӯлонӣ робитаи дӯстии онҳо канда шуда буд, бо дастгирӣ ва ташаббусии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боз аз нав барқарор гардид. Ин ҳама шаҳодат аз он аст, ки дар Тоҷикистон ҳамеша сулҳу субот, осудагӣ ва рафту омади мардуми Ҷумҳуриҳои бародарии бо ҳам дӯсти Тоҷикистону Ӯзбекистон аст.

Раиси ташкилоти ибтидоии  20-солагии Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақназаров Бахтиёр дар фарҷоми хониши сиёсӣ зикр намуд, ки тамоми дастуру ташаббусҳое, ки аз тарафи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо воситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба ташкилоти ибтидоии  ҳизбӣ дастур дода мешавад, сари вақт иҷро ва амалӣ гардида, мо аъоён онро ҷонибдорӣ менамоем барои оромӣ ва суботи ҷомеаи Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg