
ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҷамоати деҳоти М.Вайсови деҳаи Кадучӣ-3 бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилию баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафархони Муҳаббат, раиси маҳалла ва вакилони маҷлиси вакилони ҷамоатҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ доир гардид.
Зимнан Сафархони Муҳаббат ба сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маълумоти муфассал дод.
Ҳамзамон, вакилони Маҷлиси вакилони ҷамоат Қурбонова Зулфия ва Азимов Абдусалом вобаста ба амалҳои бадхоҳонаи хоинони давлату миллат, ки ба хотири халалдор намудани суботу оромии кишвар анҷом дода истодаанд, суханронӣ намуда қайд карданд, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, сарҳади байнидавлатӣ, миллат, дин ва муқаддасоти дигар надорад.
Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.