БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оби шифо ва неъмати бузург дар Ватани мост!

 

 

 

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохўриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «ИДХОВ БЗ»   хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалятноки фаъоляти ҲХДТ дар доираи Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор,  2018-2028» доир карда шуд.

Дар ҷамъомади болозикр  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Даминов Илҳом иштирок ва суханронӣ намуда,  иброз дошт, ки қабули пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид баёнгари соҳибэҳтиромӣ ва  эътирофи миллати тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ мебошад.

Ҳамчунин қайд намуд, ки соли ҷори дар аёми таҷлили ҷашни Наврўзи  байналмиллалӣ ва рўзи ҷаҳонии Об 22-март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Даҳсолаи  байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор,  2018-2028» расман оѓоз гардад, ки барои таъмини амнияти экологии сайёра нақши баѓоят амиқ дорад.

Ҳадафи эълон ва қабули даҳсолаи нави «Об барои рушди устувор» истифодаи оқилонаи об мебошад. Инсон бояд дарк намояд, ки об худ шифо аст ва неъмати ивазнашаванда ба шумор меравад. Бинобар, ин кормандони ташкилоти номбурдаро лозим аст, ки ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани об ва тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо тадбирҳои судманду заруриро андешанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg